- дигар
- [ديگر // دگر]1. соир, ғайр, дуюмӣ: даромади дигар, мавзӯи дигар, хонаи дигар, чораи дигар: хушбахтии дигар хушбахтии нав; рӯзи дигар рӯзи дуюм; рӯзи оянда2. бегона, ғайр; бачаҳои дигар соири бачаҳо; бачагони боқимонда; мулки дигар мулки бегона, кишвари ғайр; аз меҳнати дигарон аз ранҷ ё кори одамони бегона3. ғайр аз ин, ба ҷуз ин; сониян4. бори дуюм, дуюмбора, мукаррар; баъд аз ин, минбаъд, боз: дигар пинҳон карда натавонистан, дигар худдорӣ карда натавонистан, дигар бас аст фирефта шудан!; аз дигар аз нав, аз сари нав, дубора: хатро аз дигар навишт; бори дигар дафъаи дуюм, дубора, боз; канори дигар // соҳили дигар канори тарафи муқобил, соҳили рӯ ба рӯ; дигар хел // дигар гуна на ба тавре ки мебоист, ба таври дигар, дигар хел муомила кардан бо касе, дигар хел ҷавоб додан, сухани касеро дигар хел фаҳмидан ва ғ; аз тарафи дигар аз дигар ҷиҳат, аз тарафи дуюм: чанд соли дигар боз чанд сол; чанд қадами дигар боз чанд қадам (мас., пеш рафтан); дигар будан фарқ доштан; дигар кардан тағийр додан; ҷои худро дигар кардан тағйири макон (кардан); дигар шудан тағйир ёфтан, дучори тағйирот гардидан (дар бораи тартибу қоидае, муомилаю рафтори касе ва ғ.); ба кори дигар гузаштан ҷои корро тағйир додан; ин гапи дигар а) ин мавзӯи ҷудогона аст, ин масъалаи алоҳида аст; б) ин айни муддаост; номи худро дигар кардан (мондан) номи худро тағйир додан (дар мавриди қасам хӯрдан ё ваъдаи қатъӣ додан гуфта мешавад)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.